Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ба тарки ҲНИТ даъват карданд


Дар хабари расмии ВКД-и Тоҷикистон гуфта шудааст, афроде, ки довталабона Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро тарк мекунанд ва баъд аз мамнуъ шудани он ҳамкориашонро идома намедиҳанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб нахоҳанд шуд.

«Онҳое, ки ҳуҷҷати аъзогии ҳизбро доранд, бояд ба ниҳодҳои вазорати адлия дар маҳалҳо бо аризаи хориҷшавӣ аз сафи ҲНИТ муроҷиат намоянд», - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, ВКД аъзои ҲНИТ-ро огоҳ кардааст, ки идомаи фаъолият дар ин ҳизб, узвият, таъсиси ниҳодҳои нави ҳизб ҷавобгарии ҷиноиро дар пай дорад.

Бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 29 сентябр ҲНИТ созмони террористӣ эълон гардид. Раҳбарияти ҳизб хабар дода буд, ки бештар аз 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аъзои ҲНИТ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG