Ссылки доступа

Гурези созмонёфтаи аъзои «Ҷайш-ул-Маҳдӣ» аз зиндони Қирғизистон


Нӯҳ зиндоние, ки аз боздоштгоҳи №50 дар вилояти Чуйи Қирғизистон гурехтанд, дар се ҳуҷраи ҷудогона нигаҳдорӣ мешуданд. Дар ин бора хабаргузории давлатии «Кабар» ба нақл аз раиси Сарраёсати умури зиндонҳои ин кишвар Саламат Абдиев хабар додааст.

Ба гуфтаи вай дари ҳуҷраҳои зиндон шикаста нашуда, аз ду ҳуҷра ҳамаи зиндониён фирор кардаанд ва дар як ҳуҷра ду зиндонӣ боқӣ мондаанд. Абдиев афзуд, ки зиндониён тавонистаанд, интиқоли нерӯи барқро дар зиндон қатъ кунанд ва гузашта аз ин дар ду ҳафтаи ахир дурбинҳои назоратӣ дар атрофи зиндон кор намекарданд.

Абдиев бар ин аст, ки фирор аз маҳбас бе даст доштани нозирони зиндон амалӣ нагаштааст.

Ҳамаи зиндониёни фирорӣ аъзои созмони мамнӯи «Ҷайш –ул-Маҳдӣ» буда, барои тундгароии динӣ ва терроризм ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

XS
SM
MD
LG