Ссылки доступа

Киев аз шеваи муҳокимаи Надежда Савченко дар додгоҳ эътироз кард


Надежда Савченко, 6.10.2015
Надежда Савченко, 6.10.2015

Вазорати корҳои хориҷии Украина аз рафти муҳокимаи шаҳрванди Украина Надежда Савченко дар додгоҳи Русия эътироз кард. Дар баёнияи ВКХ Украина рафтори ҷониби айбдоркунӣ дар додгоҳ «ғайри қобили қабул» унвон шудааст, зеро имконияти вакилони дифоъ ва судшавандаро барои савол додан ба «шоҳидон» маҳдуд мекунад.

Дар баёнияи ВКХ Украина гуфта шудааст, ки ин шоҳидон асосан аз ҷумлаи сарбозони гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар қаламрави Украина мебошанд. Ба ин далел дар Киев бар ин аст, ки набояд ба маҳдудиятҳои қавонини Русия дар робита ба сирри давлатӣ истинод кард.

Дар ВКХ Украина таъкид мекунанд, ки Федератсияи Русия вайронкунии муқаррароти бар зиммма худ гирифта дар чаҳорчӯби Шӯрои Аврупоро идома дода, мақоми Надежда Савченкоро ба унвони узви Анҷумани порлумонии Шӯрои Аврупо ва ба ин тартиб дахлнопазирии ӯро нодида мегирад.

Муҳокимаи парвандаи Савченко дар додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростов 22 сентябр оғоз шудааст. Афсари нерӯҳои мусаллаҳи Украина Надежда Савченко аз моҳи июли соли 2014 дар боздошти Русия қарор дорад. Ӯро ба даст доштан дар қатли ду хабарнигори Русия ва замхӣ шудани аҳоли осоишта айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG