Ссылки доступа

Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе маркази танзими парвозҳоро месозад


Бино бар қарордоди имзошудаи ҳамкории миёнии Тоҷикистон ва Фаронса ҷониби фаронсавӣ дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маркази дастуру идораи парвозҳоро месозад, ки 36 метр баландӣ хоҳад дошт.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти кишвар Шералӣ Ганҷалзода барои сохтмони ин марказ дар ҳудуди фурудгоҳ 225 метри муррабаъ қитъаи замин ихтисос шудааст. Вай хабар дод, ки барои сохтмони ин марказ ҳукумати Фаронса 3 миллион доллар ҷудо карда ва интизор меравад ин манора дар муддати 15 моҳ сохта шавад.

Як сол қабл бо кӯмаки Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали муосире барои мусофирон мавриди истифода қарор дода шуд.

Мақомоти Фаронса изҳор дошта буданд, ки мушорикати Фаронса дар сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи Душанбе навъи сипос ба ҷониби Тоҷикистон барои кӯмак ба низомиёни фаронсавист, ки дар ҳудуди ин фурудгоҳ аз соли 2001 мустақар буданд.

Теъдоди андаки нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса дар Душанбе ба сурати ройгон мустақар шуда буданд. Як сол пеш онҳо Тоҷикистонро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG