Ссылки доступа

Дар Елабуга фаъолони тотор ва хабарнигори RFE/RL боздошт шуданд


Фаъолони Маркази ҷамъиятии тоторҳо

Фаъолони Маркази ҷамъиятии тоторҳо

Дар Елабуга фаъолони Маркази ҷамъиятии тоторҳо ва хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ боздошт шуданд. 21 октябр кормандони пулис Кумитаи таҳқиқотӣ ба биное ворид шуданд, ки дар он ҷо қариб 40 нафар фаъоли бахши маҳаллии Маркази ҷамъияти тоторҳо мулоқот анҷом медоданд.

Маъмурон аз онҳо талаб карданд, ки ҳуҷҷатҳои худро нишон диҳанд.

Онҳое, ки ҳуҷҷати шахсӣ надоштанд, аз ҷумла хабарнигори RFE/RL Гафиулла Газизов низ буд, ки ин гирдиҳамоиро бозтоб медод, маҷбуран ба бахши пулис бурданд. Газизов телефонӣ хабар дод, ки кормандони пулис камераи наворбардории ӯро мусодира ва дастгоҳи аккосияшро шикастанд. Далели боздошт шарҳ дода нашудааст. Дар ҳамин ҳол фаъолон бар ин назаранд, ки ҳадафи мақомот пешгирӣ аз баргузории ҷаласаи онҳо будааст.

Маркази ҷамъиятии тоторҳо дар бештаре аз манотиқи кишвар намояндагӣ дорад ва ба унвони созмони ғайридавлатӣ иқдомотеро барои ҳифзи ҳуввияти миллии тоторӣ, забон ва фарҳанги ин миллат анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG