Қисми қобили таваҷҷӯҳи қарзи хориҷии Қазоқистон - 36,2% ва ё 56,2 миллиард долларро қарзи "башҳои дигари" иқтисодӣ, ки бо сармоягузорӣ пайванди мустақим надоранд, ташкил медиҳад. Аммо қисмати бештар - 52,6% ва ё 81,7 милл. доллари қарз аз ҳисоби қарзҳои корхонаҳои мушатараки миллӣ ва шахсӣ ташкил шудааст.
Давоми семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ қарзи хориҷии Қазоқистон 0,9 миллиард доллар афзоиш ёфт. Дар ҳоле, ки дар ин муддат қарзи хориҷии бахши давлатӣ дар ҳаҷми 82 милл. доллар коҳиш ёфта буд.