Ссылки доступа

Дар Москва қариб 500 муҳоҷир боздошт шуданд


Пулиси Москва 21 октябр қариб панҷсад коргареро, ки аз кишварҳои хориҷии наздик омадаанд, ба ҳангоми амалиёти пешгирикунандаи "Мигрант-2015" боздошт карданд, хабар медиҳад ТАСС.

Ба гуфтаи раҳбари маркази матбуотии раёсати ВКД Андрей Галиакберов ҳамаи онҳо ба бахшҳои пулис интиқол мешаванд, то мушаххас шавад, ки оё онҳо ба сурати қонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд ва оё онҳо ба ҷинояте дар минтақаи марказии кишвар даст доранд ё не.

Як манбаъ аз ниҳодҳои интизомӣ ба ТАСС хабар додааст, ки ин боздоштҳо дар маҳали сохтмон дар кӯчаи Заречний, ки дар он ҷо маҷмаии истиқоматии "Фили Град" бунёд мешавад, сурат гирифтаанд.

Қаблан дар бораи бозрасии маҳалли сохтмонӣ дар кӯчаи Заречний дар ғарби Москва дар чаҳорчӯби амалиёти "Мигрант" раҳбари маркази матбуотии раёсати шаҳрии ВКД хабар дода буд.

Вай зикр кард, ки маҳз дар он чо "ду шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки ба силсилаи ҳамлаҳо ба занон дар пойтахт гумонбар мебошанд".

XS
SM
MD
LG