Ссылки доступа

Путин: Асад ба музокирот бо бархе аз гурӯҳҳои мухолиф омода аст


Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, раҳбари Сурия Башор Асад ба вай гуфтааст, ки ба музокирот бо бархе аз гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ омода аст, ба шарте, ки онҳо низ ба ин муколама ва мубориза бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» омода бошанд.

Ин шарҳро Путин баъд аз як рӯзи сафари ғайриинтизори Асад ба Москва изҳор дошт. Раиси ҷумҳури Русия хабар дод, ки бо раҳбари Сурия мавзӯи зарурати пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсии бӯҳронро баррасӣ кардааст, ки панҷ сол идома дораду ҳаёти 250 ҳазор нафарро гирифтааст.

Путин хабар дод, ки дар ҷараёни мулоқоти ахир дар Москва раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад аз пуштибонии Русия ба қисме аз мухолифони мусаллаҳи суриягӣ, ки «воқеан мехоҳанд бо террористон биҷанганд» изҳори «қаноатмандӣ» кард.

Бархе аз ҳукуматҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА аз зарбаҳои ҳавоии Русия дар Сурия интиқод мекунанд ва иддао доранд, ки ҳадафи онҳо мухолифони Асад мебошанд, ки бархе аз онҳоро Ғарб пуштибонӣ мекунад. Ба эътиқоди онҳо, чунин вазъият ифротгароёни ДИ-ро тақвият медиҳад. Ба гуфтаи Путин амалиёти низомӣ дар Сурия шароитро барои пешрафт дар музокироти ояндаи ин кишвар фароҳам меоварад.

XS
SM
MD
LG