Ссылки доступа

Дар Бишкек дар ҷараёни амалиёти махсус чаҳор нафар кушта шуданд


Дар Бишкек ҳангоми тирпарронӣ ду сокини осоишта кушта шуданд – як марду як зан. Дар ин бора ба “Азаттик” дар ВКД хабар доданд. Ба иттилои милитсия, марде, ки ҷони худро аз даст додааст, соли 1959 таваллуд шудааст ва синну соли зани кушташуда ва иттилои дигар мушшахас мешаванд.

Дар маҷмӯъ дар ҷараёни ин амалиёт чаҳор нафар кушта шудаанд: як маъмури милитсия, ду сокини осоишта ва зиндонии фирорӣ Алтинбек Итибаев.

Амалиёти махсуси боздошти Итибаев тӯли ду соат дар яке аз маҳаллаҳои Достуки шаҳри Бишкек идома дошт. Итибаев дар яке аз хонаҳо дар бинои №8 панаҳ бурда, бар зидди милитсия аз автомат ва туфангча истифода кард.

12 октябр нӯҳ маҳбус аз боздоштгоҳи вилояти Чуй фирор карданд. Ҳангоми талош барои пешгирии ин фирор чаҳор зиндонбон кушта шуданд. Маъмурони милитсия панҷ фирориро боздошт карданд ва чаҳор нафари дигар тавонистанд панаҳ баранд. 16 ва 20 октябр ду нафар аз ин боздоштшудаҳои фирорӣ кушта шуданд. 22 октябр Эдил Абдрахманов боздошт шуд. Ӯро дар саҳрое дар назди маҳалаи «Тунгуч» дар қисмати шарқии Бишкек боздошт карданд.

Ба ин тартиб, се нафари фирорӣ кушта шудаанд (Азамат Мусуралиев, Данияр Кадиралиев ва Алтинбек Итибаев) ва як нафар боздошт шудааст (Эдил Абдрахманов)

XS
SM
MD
LG