Ссылки доступа

Дар Чимкент баҳси судӣ ба нафъи хабарнигор ҳал шуд


Додгоҳи вилоятии Ҷануби Қазоқистон даъвои такрории додситони ноҳияи Шардарин Талгат Сейдулоевро рад карда ҳалномаро ба нафъи хабарнигор Рамзия Юнусова баровардаст.

Сейдуалиев даъво дошт, ки додгоҳ далелҳои дар матлаби "Миллионҳои прокурор" нашршударо ғайри воқеӣ эътироф кунад. Ин матлаби рӯзноманигор Юнусова 22 майи соли ҷорӣ дар нашрияи Central Asia Monitor ба чоп расида буд.

Дар моҳи июл додгоҳи ноҳияи Ал-Форобии шаҳри Шимкент ба далели мавҷуд набудани таркиби ҷиноят Юнусоваро бе гуноҳ эътироф карда буд. Ҳимоятгари Сейдуалиев Махмут Акбаев қарори ахири додгоҳро шарҳ надодааст. Юнусова дар матлаби худ ҷараёни баргардонидани қарзҳои бонкӣ аз сӯи шахсони мансабдорро инъикос карда буд.

XS
SM
MD
LG