Ссылки доступа

Дар Қирғизистон телефони боварии "111" барои кӯдакон таъсис шуд


Дар Қирғизистон барои кӯдакон телефони боварии "111" таъсис шуд. Дар ин бора маркази матбуоти вазорати рушди иҷтимоии он кишвар хабар додааст. Барои ташкили кор дар ин самт вазорати рушди иҷтимоӣ, ЮНИСЕФ ва Лигаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.

Вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон Кудайберген Бозорбоев гуфт, бо талошҳои муштарак барои кӯдаконе, ки аз хушунати хонаводагӣ ё муносибати бераҳмона ранҷ мебаранд, "телефони боварӣ" таъсис шуд.

"Акнун ба таври шабонарӯзӣ тариқи телефони 111 метавон машварат гирифт, кумаки равоншиносро дарёфт кард ва ё аз поймол шудани ҳуқуқи кӯдак хабар дод", - изҳор дошт вазир.

Намояндаи ЮНИСЕФ дар Қирғизистон Юкиэ Мокуо гуфт, "телефони боварӣ" барои огоҳ шудан аз поймолшавии ҳуқуқи кӯдак муассир аст. Ба гуфтаи Мокуо, ҳоло механизми пайгирии сифати хизматрасонӣ сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG