Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров натиҷаҳои сафари Асадро баррасӣ мекунанд


Дар дидори ин ду вазир оид ба масоили Сурия вазирони корҳои хориҷии Туркия ва Арабистони Саудӣ ширкат хоҳанд кард.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамтои амрикоии ӯ Ҷон Керрӣ имрӯз дар Вена мулоқот ва вазъияти Сурияро баррасӣ мекунанд. Дидори вазирон бо сафари президенти Сурия Башор Асад ба Русия ва мулоқоташ бо президент Владимир Путин, рабт дорад.

Вашингтон аз натиҷаҳои музокироти Путин ва Асад изҳори ноқаноатмандӣ кард. Се ҳафта пеш Русия дар Сурия амалиёти ҳавоӣ роҳандозӣ кард, ки дар ин муддат мавқеи режими ҳукумати Сурия пурзӯр шудааст.

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки зимни мулоқот бо Асад дар Москва, раҳбари Сурия гуфтааст, ба музокира бо мухолифонаш омода аст, ба шарти ин ки мухолифин низ изҳори омодагӣ карда ва алайҳи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" муборизаи муштарак анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG