Ссылки доступа

Бародари раҳбари Идораи гумруки Тоҷикистон бо пардохти ҷарима озод шуд


Наҷмиддин Саидов - мудири намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Данғара ва бародари раҳбари Идораи гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб баъд аз пардохти ҷарима ба маблағи қариб 200 ҳазор сомонӣ аз боздоштгоҳ озод шуд.

Манбаи радиои Озодӣ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод, ки Наҷмиддин Саидов, раҳбари бахши данғарагии “Тоҷиксодиротбонк” ҳафтаи гузашта бо айби тақаллубкорӣ боздошт шуда буд. Дар озодӣ будани Саидовро дар бахши “Тоҷикисодиротбонк” низ тасдиқ карданд. Дар ин ҷо мегӯянд, ки Саидов дар рухсатӣ аст ва ба зудӣ сари кор бармегардад.

15 октябр манбаи Радиои Озодӣ дар Агентии мубориза бо фасод дар бораи боздошти бародари раҳбари Идораи гумруки Тоҷикистон хабар дода, гуфта буд, ки вай ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 400 ҳазор доллар боздошт шудааст. Гӯиё бар ивази ин маблағ як “вазифаи муҳим” ваъда шудааст.

Он замон дар “Тоҷикисодиротбонк” ин хабарро тасдиқ накарданд ва изҳор доштанд, ки раҳбари намояндагӣ дар рухсатӣ аст.

XS
SM
MD
LG