Ссылки доступа

Дар Финляндия гурӯҳи пешгирӣ аз тӯҳматҳо дар расонаҳои русӣ таъсис мешавад


Дар Финляндия аз ҷумлаи намояндагони дафтари Шӯрои давлатӣ ва вазоратхонаҳои мухталиф гурӯҳи махсусе таъсис мешавад, ки вазифаи вай пайдо кардани роҳҳо ва шаклҳои пешгирӣ аз тӯҳмату дурӯғҳо дар расонаҳои Русия мебошад, хабар медиҳад Интерфакс.

«Мо мехоҳем, ба унвони мисол, дурӯғи паҳнмешуда дар бораи таърихи Финляндия ва вокунишҳои мухталиф дар робита ба онро ошкор созем», - хабар дод раҳбари идораи иртибот бо ҷомеаи ҳукумат ва коршиноси Кумитаи амниятии Финляндия Маркку Мантила рӯзи якшанбе ба рӯзномаи “Калева”.

Ба гуфтаи вай «дар расонаҳои Русия ҳамвора ибрози назари сиёсатмадорони номдори мо ба сурати нодуруст нашр мешаванд ва ин кор ноогоҳона нест».

«Ба унвони мисол бархе аз расонаҳои русӣ тасаввуреро инъикос мекунанд, ки гӯиё раҳбарияти давлат ва бештаре аз сиёсатмадорони мо қатъи таҳримҳои ИА-ро талаб мекарда бошанд”, - гуфт коршинос.

Вай бар ин назар аст, ки «ҳадафи Русия бо истифода аз ҷанги иттилоотӣ вайрон кардани ваҳдати Иттиҳоди Аврупо мебошад”.

Вай зикр кард, ки ҳукумат мехоҳад барои пешгирӣ аз амволи расонаҳои русӣ қариб сад нафар кормандони давлатӣ, аз ҷумла, аз вазорати мудофиаро ҷалб созад. Иҷрои ин тарҳ дар охири соли ҷорӣ ва ё аввали соли оянда шурӯъ мешавад. Барои омода сохтани муборизони таблиғоти русӣ коршиносон аз сандуқи Рузвелт ва Донишгоҳи Гарвард ҷалб карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG