Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон зане боздошт шуд, ки кӯдаки яксолаашро то дами марг латукӯб кардааст


Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон сокини 28-солаи шаҳри Турсунзодаро боздошт карданд, ки гумон меравад дар латукӯби писараки хурдсолаш айбдор мебошад, ки дар ниҳоят бо фавти кӯдак анҷом ёфт.

Ба иттилои манбаъ дар ВКД кишвар дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.

Дар ВКД зикр карданд, ки ин ҳодиса шоми 24 октябр сабт шудааст. Ин ҳодиса баъд аз муроҷиати сокинони Турсунзода ба маркази табобатии «Насл»-и шаҳри Душанбе барои ташхиси кӯдаки хурдсол ошкор мешавад.

«24 октябр наздикии соати 17.30 ба дармонгоҳи «Насл», ки дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе воқеъ аст, зани ношиносе кӯдаки яксолаи худро барои ташхис овардааст. Ҳангоми ташхис ошкор шудааст, ки кӯдак аллакай фавтидааст. Модари кӯдак, сокини 28-солаи шаҳри Турсунзода бо гумони расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатӣ боздошт шудааст”, - изҳор доштанд дар ВКД.

Ба иттилои ин ниҳоди интизомӣ дар пайи таҳқиқоти пешакӣ ошкор шудааст, ки гумонбар кӯдаки худро ончунон задаст, ки вай дар пайи ҷароҳатҳои бардошта ҷони худро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG