Ссылки доступа

Хешовандони маҳбусони фирорӣ дар гирдиҳамоӣ ба онҳо додани ҷасадҳоро талаб карданд


Дар Бишкек пайвандони зиндониёни фирорӣ бо талаби гирифтани ҷасади кушташудаҳо ба майдон баромаданд. Нӯҳ маҳбус аз боздоштгоҳи вилояти Чуй фирор карданд, ки баъдан зимни таъқиб ва боздошти дубора чанд тан аз онҳо кушта шуданд.

Тавре бахши қирғизии радиои "Озодӣ" хабар медиҳад, бо ин талаб дар назди боздоштгоҳи №1 дар Бишкек наздик ба 50 нафар гирдиҳам омаданд.

Рӯзи 12 октябр 9 маҳбуси боздоштгоҳи вилояти Чуйи он кишвар фирор карданд. Ҳангоми таъқиби фирориён 4 зиндонбон кушта шуданд. Пулис 5 фирориро боздошт кард, 4 нафари дигар тавонистанд, ки панаҳ баранд. Рӯзҳои 16 ва 20 октябр се фирорӣ кушта шуд. 22 октбяр яке дигар аз фирориён Эдил Абдураҳмонов боздошт шуд.

Ба ин тартиб, 3 маҳбуси фирорӣ (Азамат Мусуралиев, Дониёр Қодиралиев ва Алтинбек Итибаев) кушта ва як нафар (Эдил Абдураҳмонов) боздошт шуд.

Ба ҷуз ин, 20 ва 21 октбяр аз миёни 5 маҳбуси фирорӣ, ки дар рӯзи нахусти фирор боздошт шуданд, 3 нафар дар шӯъбаи тафтишот фавтиданд. Бино бар тафтиши пешакӣ, марги онҳо дар пайи бемории қалб ва мушкили нафаскашӣ фаро расидааст.

XS
SM
MD
LG