Ссылки доступа

Ҷопон ба Қирғизистон беш аз як миллиард доллар кӯмак мекунад


Ҷопон ба Қирғизистон беш аз 1 миллиард доллар барои ҳадафи рушд кӯмак мекунад. Дар ин бора дар мулоқоти нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ бо раҳбарияти Қирғизистон тавофуқ шудааст.

Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ дар Бишкек бо раиси ҷумҳур Алмазбек Отамбоев ва нахуствазир Темир Сариев мулоқот кард. Дар чаҳорчӯби сафари як ҳафтинаи худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ музокироти марбут ба роҳҳои тиҷоратиро анҷом медиҳад.

Дар соли 2016 ба ин кӯмак 16 миллион доллар барои бозсозии фурудгоҳи байналмилалии Манас дар наздикии Бишкек, якуним миллион доллар барои кӯмак ба бахши кишоварзӣ ва 117 миллион доллари қарз барои таҷдиди роҳи мошингарди Ӯш-Ботканд-Исфана дохил мешаванд.

Сафари Абэ ба кишварҳои Осиёи Марказиро намояндагони қариб 50 ширкати ҷопонӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Вай алаккай аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дидан карда, ҳамчунин ба Қазоқистон сафар мекунад.

Қабл аз оғози сафараш Абэ изҳор дошт, ки «Муғулистон ва Осиёи Марказӣ… аҳамияти зиёди сиёсӣ доранд» ва ӯ «мехоҳад дар равобит бо ҳар яке аз ин кишварҳо қадами бузурге ба пеш гузорад». Кишварҳои Осиёи Марказӣ маъмулан содироти ашёи табииро тавсеъа медоданд, вале ҳамакнун ба таъсиси зербаноҳои судовар талош мекунанду ба таҳияи бахшҳои тавлидоте алоқаманд ҳастанд, ки суди бештари изофӣ биоранд.

XS
SM
MD
LG