Ссылки доступа

Дар Қирғизистон таблиғгари сафар барои ҷиҳод дар Сурия боздошт шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шахсеро боздошт кард, ки сокинонро барои пайвастан ба ҷиҳод дар Сурия таблиғ мекард. Дар ин бора дар маркази матбуотии КДАМ хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ, узви гурӯҳи террористӣ И.У соли таваллудаш 1967 дар шаҳри Ӯш 21 октябр боздошт шудааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки боздоштшуда ба унвони узви яке аз созмонҳои байналмилалии терористии мамнӯъ дар Қирғизистон бо хоҷагони худ иртиботи қавӣ дошта, бо дастури онҳо ба таблиғ ва интиқоли шаҳрвандони Қирғизистон ба маҳалли даргирӣ машғул будааст.

Дар маҳалли зиндагии И.У. кофтукоб анҷом дода шуд ва маҳлули ношиноси химиявӣ ошкор шуд, ки ба ташхис фиристода шудааст.

Дар ҷараёни амалҳои таҳқиқотӣ "И.У." узвияти худ дар гурӯҳи террористӣ ва фаъолияти таблиғгариашро тасдиқ кард. Ҳамчунин манбаи маводҳои мадҳушкунандаро, ки ба гуфтаи вай барояш аз марказҳои байналмилалии созмони террористӣ фиристодаанд, шарҳ дод.

Феълан ин мард боздошт шуда, амалиёти таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯӣ идома доранд.

XS
SM
MD
LG