Ссылки доступа

Террористҳо се сутуни бостонии Палмираро таркониданд


Ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” се сутуни бостонӣ дар шаҳри Палмираи Сурияро таркониданд. Бар пояи бархе аз маълумотҳо, террористҳо 3 нафарро дар пояи сутунҳо баста ва ба қатл расонидаанд. Дар ин бора сардори нозирони ҳуқуқи инсон дар Сурия Рамӣ Абдулраҳмон хабар додааст.

Ба гуфтаи фаъолони маҳаллӣ, ба ин тартиб гуруҳи “Давлати исломӣ” мехоҳад таваҷҷӯҳи расонаҳоро ба худ ҷалб кунад.

Дар оғози моҳи октябри соли ҷорӣ “Давлати исломӣ” Тоқҳои бостонии даврони Руми қадим дар Палмираро бо хок яксон кард. Баъд аз тасарруфи Палмира дар моҳи майи соли ҷорӣ, гуруҳи террористии ДИ аллакай чанд ёдгориеро, ки ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуда буданд, хароб карданд ва ҳамчунин бостоншиноси солманд Холид Асадро куштанд.

XS
SM
MD
LG