Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон муаллимро барои шикояташ аз набудани барқ ҳабс карданд


Муаллими мактаби миёна Муҳаммадризо Эргашевро дар деҳаи Айними вилояти Андиҷони Ӯзбекистон барои шикояташ аз маҳдудияти нерӯи барқ муддати 5 шабонарӯз ҳабс карданд. Дар ин хусус бахши ўзбекии радиои «Озодӣ» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Эргашеви 20-сола, 19-уми октябр ӯ ба идораи минтақавии шабакаҳои барқи Андиҷон аз маҳдудияти шадиди нерӯи барқ шикоят бурдааст. Дар ҷавоб кормандони пулис ӯро боздошт карда, давоми 5 шабонарӯз бе ғизо ва оби ошомиданӣ нигаҳ медоранд.

Ҳоло кормандони шабакаҳои барқ даъвои Эргашев дар ин хусусро рад мекунанд.

То кунун ба хабарнигори бахши ӯзбекии родиёи «Озодӣ» муяссар нашуд, ки шарҳи раёсати корҳои дохилии Андиҷонро пайдо кунад.

Бино бар навиштаи расонаҳо, тӯли солҳои охир сокинони деҳаҳои Ӯзбекистон маҳдудияти нерӯи барқро шадидан эҳсос мекунанд. Дар деҳоти дурдасти он кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ 2-3 соат барқ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG