Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ бори нахуст ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад


Вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ дар рӯзҳои наздик ба Осиёи Марказӣ ташриф меорад ва аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон дидан мекунад.

Дар назар аст, ки вазири хориҷаи Амрико сафари худ ба Осиёи Марказиро баъд аз гуфтушуниди Сурия дар Вена, ки 30 октябр ба анҷом мерасад, шурӯъ кунад. Сафари Ҷон Керрӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин сафари вай ба ин минтақа хоҳад буд.

Дар Бишкек Ҷон Керрӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ ва бинои нави Сафорати Амрико дар он кишвар ширкат мекунад. Вай ҳамчунин ба Самарқанд меравад ва дар ҷаласаи вазирони хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳузур хоҳад дошт. Ин шакли нави робита бо ИМА аст, ки Вашингтон ният дорад дар минтақаи Осиёи Марказӣ онро роҳандозӣ кунад.

Дар Остона вазири хориҷаи Амрико дар ҷаласаи «Ҳамкории стратегии ИМА-Қазоқистон» ширкат карда ва дар Донишгоҳи Назарбоев суханронӣ мекунад. Вай ҳамчунин дар Душанбе ва Ашқобод дидору мулоқот анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG