Ссылки доступа

Тоҷикистону Қирғизистон қитъаҳои заминҳои наздимарзиро иваз мекунанд


Миёни комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон бори аввал масъалаи иваз кардани қитъаҳои замини мушаххаси наздимарзӣ баррасӣ шуд. Дар ин бора муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев ба бахши қирғизии радиои «Озодӣ» хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ҷонибҳо қитъаҳои баробари наздимарзӣ дар ҳудуди 12 гектарро иваз мекунанд. Қирғизистон замини болоии деҳаи Қоқ-Тошро мегирад, Тоҷикистон бошад замини ду ҷониби роҳи мошингарди ҳудуди поёнии деҳаи мазкурро соҳиб мешавад.

Маматалиев илова кардааст, ҷонибҳо қитъаҳои замини баҳсиеро тақсим мекунанд, ки барои сокинон мушкилии зиёд ба бор овардаанд.

Муовини сарвазири Қирғизистон гуфтааст, 5 ноябр барои баррасии масъалаи мазкур ҳайати Тоҷикистон ба Бишкек сафар мекунад. Дар охири ноябр ҷониби Қирғизистон ба Душанбе хоҳад омад.

Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил мекунад. То кунун 519 километри сарҳади ин ду кишвар аломатгузорӣ шудааст. Ҳудуди боқимонда минтақаҳои мавриди баҳси марзӣ дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG