Ссылки доступа

Вазорати молия: захираҳои Русия мумкин аст то охири соли 2016 тамом шаванд


Вазири молия Антон Силуанов рӯзи сешанбе зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсияи Русия изҳор дошт, ки соли 2016 метавонад охирин соле бошад, ки Русия ба чунин шакл захираҳои худро сарф мекунад.

Ба гуфтаи вай дар соли 2015 сандуқи захиравӣ беш аз 50 дарсад – ба маблағи қариб дувуним триллион рубл коҳиш ёфт ва агар дар соли оянда хароҷот коҳиш наёбад, «минбаъд чунин захираҳо нахоҳанд шуд».

Муовини раҳбари вазорати рушди иқтисодӣ Алексей Ведев зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсия низ дар бораи эҳтимоли бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия изҳори назар кард. «Шакли бадтарини дурнамо аз он шаҳодат медиҳад, ки қиммати нафт дар соли 2016 то 40 доллар барои як бушка нафт коҳиш меёбад ва ин рақам то соли 2018 боқӣ мемонад», - изҳор дошт намояндаи Вазорати рушди иқтисодӣ. Ба гуфтаи вай чунин уфт барои иқтисоди Русия “шоки такрорӣ” мешавад. Вадеев зикр кард, ки расидан ба сатҳи тобӯҳронии иқтисод пеш аз соли 2020 ғайримумкин аст.

XS
SM
MD
LG