Ссылки доступа

Дар Туркманистон афви маҳбусон эълом шуд


Расонаҳои давлатии Туркманистон хабар медиҳанд, ки раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов қариб як ҳазор маҳкумшудагонро афв кардааст.

Ин расонаҳо аз суханнони Бердимуҳаммадов иқтибос овардаанд, ки ин афв барои таҷлил аз 24-мин солгарди истиқлоли Туркманистон роҳандозӣ шудааст. Дар хабарҳо зикр шудааст, ки фармони афв шоми дирӯз дар ҷараёни ҷаласаи муштараки ҳукумат ва шӯрои давлатии амният “дар чаҳорчӯби расму русуми қадимии хуб” имзо шудааст.

То Бердимуҳаммадов ҷойгузини пешини вай Сапармурат Ниязов ҳамасола фармони мушобеҳеро дар моҳи барои мусалмонон шарифи Рамазон имзо мекард. Дар замони раёсати Бердимуҳаммадов фармонҳои афв ҳамасола чанд маротиба дар остонаи ҷашнҳои давлатӣ содир мешаванд. Дар моҳи май дар остонаи ҷашни Рӯзи Қонуни асосӣ дар Туркманистон қариб 1 200 маҳбус афв шуда буданд.

XS
SM
MD
LG