Ссылки доступа

ИМА барои бори аввал Эронро ба музокироти Сурия даъват карданд


Сюзан Райс, мушовири амнияти миллии ИМА

Сюзан Райс, мушовири амнияти миллии ИМА

Рӯзи сешанбе намояндагони расмии ИМА эълом карданд. ки Эрон бори аввал барои ширкат дар ҳамоиши байналмиллалии ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсии ҳалли даргирии Сурия, ки рӯзи ҷумъа дар Вена баргузор мешавад, даъват шудааст.

Ин амр аз тағйири ҷиддӣ дар мавзеъгирии Кохи сафед, ки якҷо бо шариконаш аз Ховари Миёна зидди миёнравии Теҳрон дар ҳалли қазияи Сурия буданд, дарак медиҳад. Зеро онҳо бар ин ақида буданд, ки ҳадафи Эрон тақвияти мавқеи Башор Асад мебошад. Ҳамзамон намояндагони раёсати Барак Обама дарак доданд, ки ИМА дигар ба барканории зуди Асад аз қудрат низ пойфишорӣ надоранд. "Мавқеи мо ва мавзеъгирии шарикони мо дар иттиҳод ба таври ҷиддӣ аз мавзеъгирии ҳукуматҳои Сурия, Русия ва Эрон фарқ мекунад, - гуфт Сюзан Райс, мушовири амнияти миллии Обама, - аммо ба фикри ман, зарфиятҳо барои расидан ба тавофуқи тағйири сохтори сиёсӣ дар Сурия вуҷуд дорад ва ин кор эҳтимол дорад дар замони сари қудрат будани Асад оғоз мешавад. Вале ба ҳангоми иҷрои комили он Асад дар сари қудрат нахоҳад буд".

Ба навиштаи рӯзномаи TheWallStreetJournal чунин тасмими Вашингтон баёнгари "афзоиши нуфузи Русия ва Эрон аст, ки дар пайи амалиёти муштараки низомии онҳо барои ҳимояти Асад дар моҳи гузашта ба даст омадааст".

Интизор меравад беш аз даҳ кишвар, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия рӯзи ҷумъа дар Вена гирдиҳам омада, пайдо кардани роҳҳои сиёсии ҳалли даргирӣ дар Сурияро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG