Ссылки доступа

Қазоқистон дар феҳрасти DoingBusiness 12 зина боло баромад


Қазоқистон бо боло баромадан ба 12 зина мавқеъи 41-ро дар феҳрасти шароити беҳтарини тиҷорат кардани DoingBusiness 2016-ро соҳиб шуд, омадааст дар гузориши мунташиршудаи Бонки ҷаҳонӣ.

Дар феҳрасти мунташиршудаи соли гузашта Қазоқистон ҷойи 53-ро соҳиб шуда буд. Дар ин феҳраст вазъи пеш бурдани тиҷорат аз рӯйи даҳ шохис дар миёни 189 кишвар муайян карда мешавад. Барои пажӯҳиш шаҳри Алмаато интихоб шудааст. Аз ҷумла муқаррароти мусоидат ва монеъ шудан ба пешбурди тиҷорат аз замони сабти номи ширкат, фаъолияти тиҷоратӣ, пешбурди тиҷорати хориҷӣ, андозбандӣ ва ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон баҳогузорӣ шудаанд.

Тӯли даҳ соли ахир дар мақоми аввали ин феҳраст Сингапур қарор дорад. Сипас дар даҳ ҷойи аввал Зеландияи Нав, Дания, Кореяи Ҷанубӣ, Гонконг, Бритониё, ИМА, Шветсия, Норвегия ва Финляндия қарор гирифтаанд.

Кишварҳои ИДМ дар ин феҳраст ба чунин зайл мавқеъ гирифтаанд: Қазоқистон дар ҷойи 41, Белорус - ҷойи 44, Русия - 51, Молдова - 52, Озарбойҷон - ҷойи 63, Қирғизистон - 67, Украина - 83 ва Тоҷикистон дар мавқеи 132 ҷой гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG