Ссылки доступа

Москва “нақшаи” депорти шаҳрвандони Тоҷикистонро иҷро мекунад (Видео)


Москва "гонит план" по депортации таджиков
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:10 0:00

Дар як ҳафтаи ахир аз шаҳр ва вилояти Москва беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

Мақомоти интизомии Русия барои ба анҷом расонидани нақшаи вазифаҳояшон ба ҳамаи кор омода ҳастанд. Бо дарназардошти ихроҷи дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳафтаи ахир метавон тахмин кард, ки алайҳи муҳоҷирони ин кишвар маъракаи махсусе рӯйи даст гирифта шудааст.

Ба навиштаи нашрияи расмии ҳукуматии “Российкая газета”, давоми шабонарӯзи ахир дар қисмати ҷанубу ғарби Москва беш аз 500 “шаҳрванди хориҷӣ” боздошт шудаанд.

Аз 20 октябр нерӯҳои вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти муҳоҷирати шаҳру вилояти Москва дар доираи амалиёти “Муҳоҷир-2015” дар 3400 нукта, аз ҷумла дар сохтмонҳо, дар меҳмонхонаҳо ва бозорҳо тафтиши шаҳрвандони хориҷиро анҷом додаанд. Бино бар иттилои Раёсати корҳои дохилии шаҳри Москва, 1175 шаҳрванди Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ барои тафтиши ҳуҷҷатҳо ва эҳтимоли қонунвайронкунӣ ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шудаанд. Ҳанӯз дар бораи шумори дақиқи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон маълумоте дастрас нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик мегӯянд, боздошти дастаҷамъонаи муҳоҷирони Тоҷикистон посухи муттаносиби Москва ба танқидҳои Душанбе дар мавриди марги тифли панҷмоҳаи тоҷик аст, ки дар Петербурги Русия дар идораи пулис фавтид.

XS
SM
MD
LG