Ссылки доступа

Сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон: ҷароҳати як нафар ва пайдо шудани $135 ҳазор


Давоми чанд рӯзи ахир дар сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон сарҳадбонони ӯзбек як қирғизистониро маҷрӯҳ карданд ва сарҳадбонони қирғиз 135 ҳазор доллари амрикоӣ пайдо намуданд. Ин бори аввал нест, ки аз ҷониби сарҳади Ӯзбекистон ба ҳудуди Қирғизистон ба миқдори зиёд маблағ интиқол медиҳанд.

Тавре намояндаи Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон Гулмира Борубоева хабар медиҳад, 26 октябр ҳангоми талоши убури ғайриқонунӣ шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи сарҳадбонони ӯзбек маҷрӯҳ шудааст.

- Сарҳадбонони Ӯзбекистон дар ин бора маълумоти муфассал надоданд. Онҳо танҳо ҳамин қадар маълумот доданд, ки маҷрӯҳ дар беморхонаи шаҳри Касансой табобат мегирад. Мо дар бораи дараҷаи ҷароҳати вай маълумот надорем. Сарҳадбонони ӯзбек гуфтанд, маҷрӯҳ баъди шифо ёфтан ба Қирғизистон фиристода хоҳад шуд, - илова кард Гулмури Борубоева.

Яке аз воқеаҳои дар сарҳади ин ду кишвар рухдода ба асъори хориҷӣ марбут аст. Ба гуфтаи ин намояндаи хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон, дар яке аз нуктаҳои марзии вилояти Боткант сарҳадбонони ӯзбек шаҳрванди Қирғизистонро бо халтаи 135 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт кардаанд.

Эҳтимол меравад, ки бино бар мушкилоти интиқоли қонунии пул аз Ӯзбекистон ба хориҷ тоҷирон маҷбуранд, аз хидмати қочоқчиён дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG