Ссылки доступа

Путин аз ҳодисаи марги Умаралӣ дар Петербург огоҳ аст


Президенти Русия Владимир Путин аз ҳодисаи марги Умаралӣ Назаров – тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Петербург огоҳ аст. Дар ин бора сухангӯи президент Дмитрий Песков иттилоъ додааст.

«Табиист, ки вай [Путин] аз ин ҳодиса огоҳ гардид, дар ин бора дар расонаҳо бисёр навиштанд, сардори давлат огоҳ аст», - гуфт Песков.

Дар посух ба суоли он ки таҳқиқи қазия зери назорати президент аст ё не, Песков гуфт: «Таҳқиқи ҳамаи ҳодисаҳо наметавонанд зери назорати президент бошанд, ин ғайримумкин аст».

Умаралӣ Назаровро 13 октябр ҳамроҳ бо падару модараш ба шӯъбаи вазорати корҳои дохилии Петербург бурданд ва вай дар он ҷо фавтид. ВКД-и Русия 21 октябр изҳор дошт, ки пулис ба марги тифли тоҷик рабт надорад. Ба гуфтаи мақомоти рус, Умаралӣ аз сирояти вируси роҳҳои нафар фавтидааст, аммо волидайни тифл бо ин хулоса розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, фарзандашон комилан сиҳат буд ва ягон беморӣ надошт.

XS
SM
MD
LG