Ссылки доступа

Интизор меравад хатсайри “Бишкек-Киев” дар оғози соли 2016 боз шавад


Оғози парвози ҳавопаймо дар хатсайри «Бишкек-Киев-Бишкек» дар оғози соли 2016 пешбинӣ мешавад. Дар ин бора сафири Украина дар Қирғизистон Николай Дорошенко дар дидор бо муовини нахуствазири Қирғизистон Валерий Дил хабар дод.

Ба гуфтаи вай роҳандозии парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо ба тез шудани суръати ҳамкорӣ миёни Қирғизистон ва Украина сабаб мешавад.

Дорошенко афзуд, ки тоҷирони украинӣ ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Қирғизистон алоқаманд ҳастанд.

«Украина ба ҳамкории мутақобилан судманд дар арсаҳои воридоти таҷҳизот барои нерӯгоҳҳо, коркарди тавлидоти кишоварзӣ, нақлиёт, доруворӣ, оҳангудозӣ алоқаманд аст”, - гуфт сафир ва афзуд, ки роҳандозии парвозҳо дар ин хатсайр барои иҷрои ин ҳадафҳо кӯмак мекунад.

Муовини нахуствазир Валерий Дил зикр кард, ки дар оғоз ҷонибҳоро зарур аст чанд тарҳҳои озмоиширо иҷро кунанд. Ба гуфтаи вай иҷрои муваффақи ин тарҳҳо равобити иқтисодиро тақвият дода, ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Қирғизистон ва Украина мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG