Ссылки доступа

Бонки ҷаҳонӣ аз хатари зилзила дар Қазоқистон нигарон аст


Ҳамоҳангсози минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар умури мудирияти хатароти табиӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Хуакин Торо 27 октябр натиҷаҳои пажӯҳишеро эълом кард, ки расман дар моҳи декабр мунташир мешаванд.

«Зилзилаи сахт дар Алмаато метавонад ба Қазоқистон ба маблағи баробари аз 14 то 20 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ хисорот оварад. Мо машварат медиҳем, ки таваҷҷӯҳи асосӣ ба бозсозӣ ва тақвияти ба зилзила тоб овардани биноҳо равона карда шавад. Дар ин шаҳр биноҳои зиёде ҳастанд, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуда, ҳамаи онҳо ба бозсозӣ ниёз доранд», - изҳор дошт вай дар ҳамоиши минтақаи Осиёи Марказӣ барои коҳиши хатароти оқибатҳои зилзила, ки аз сӯйи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Алмаато баргузор шуд.

Дар ҳамин ҳол муовини раиси кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ВКД ҶҚ Жасулан Ҷумашев аз минбари ин ҳамоиш изҳор дошт, ки дар ғарби Қазоқистон низ хатари вуқӯи зилзилаҳои сахти харобиовар вуҷуд дорад.

«Дар пайи истихроҷи зиёди ашёи нафтӣ хатари воқеии вуқӯи зилзилаҳои сахт дар минтақаҳои истихроҷи нафт дар ғарби Қазоқистон – дар вилоятҳои Қазоқистони ғарбӣ, Атирау, Мангистау вуҷуд доранд”, - таъкид кард Жасулан Ҷумашев.

Ба гуфтаи вай, дар гузаштаи начандон дур дар ин минтақаҳо зилзилаҳои сахт рух додаанд ва дар ин бора боқимондаҳои хисороти онҳо гувоҳӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG