Ссылки доступа

Додгоҳ донишҷӯйи Донишгоҳи Москваро барои талоши узвият дар «Давлати исломӣ» боздошт кард


Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Москва ҳукми боздошти донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Москва (ДДМ) Варвара Карауловаро то 23 декабр баровард.

Варвара дар моҳи июни соли 2015 талош дошт, ки ба Сурия биравад ва эҳтимол меравад, ки мехост ба сафи созмони дар Русия мамнуи «Давлати исломӣ» аъзо шавад. Дар ин бора маркази матбуотии додгоҳ хабар медиҳад.

Пештар Караулова дар ин парванда танҳо шоҳид буд ва таблиғгаронаш дар ин парванда ба унвони айбдоршаванда ҳузур доштанд. Аммо баъд аз бозпурсии духтарак дар рӯзи сешанбе ва кофтукоби хонааш бозрасон изҳор доштанд, ки вай ҳатто баъд аз бозгашт ба ватан «бо намояндагони созмони мамнӯъ иртибот доштааст».

Донишҷӯйи факултети фалсафаи ДДМ дар охири моҳи май нопадид шуд. Дар аввали моҳи июн вай дар миёни 13 шаҳрванди Русия, ки мехостанд аз сарҳади миёни Туркия ва Сурия гузаранд, боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG