Ссылки доступа

Дар Қрим омӯзиши босуръати Қуръонро пешниҳод карданд


Дар маҳаллаи тоторҳои қримии Фонтании Симферепол тарҳе барои омӯзиши босуръати Қуръон ва асосҳои ислом барои мардҳо омода мешавад. Дар ин бора Идораи мусалмонони Қрим хабар медиҳад.

«2 ноябр дар масҷиди маҳаллаи Фонтании шаҳри Симферопол тарҳи омӯзиши босуръати Қуръон, намозхонӣ ва асосҳои Ислом барои мардҳо оғоз мешавад. Дарсҳо рӯзҳои душанбе баъд аз намози шом (19:30) баргузор шуда, барои алоқамандон маҳдудияти синну сол вуҷуд надорад», - омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи мударриси ин давраҳои омӯзишии масҷид Артур Решитов ин барнома барои ду моҳ пешбинӣ шуда ва дар шакли содда омӯзиш додани мардҳо ба донишҳои аслии Ислом, хондани Қуръон ва ҳамчунин омӯзиши ҳамаи алоқамандони хондани намозро дар назар дорад. Дар ин масҷид алаккай барномаҳои омӯзиши хондани Қуръон барои занҳо роҳандозӣ шудаанд.

Қуръон – китоби муқаддаси мусалмонон аст. Калимаи “Қуръон” решаи арабӣ дошта, ба маънии “бо овоз хондан”, “насиҳат”-ро дорад. Қуръон ба муқаррароти ислом ҷамъи вокунишҳоест, ки аз номи Оллоҳ тавассути пайёмбар Муҳаммад садо додаанд.

XS
SM
MD
LG