Ссылки доступа

Блогнависи саудӣ барандаи ҷоизаи Сахаров шуд


Раиф Бадавӣ
Раиф Бадавӣ

Блогнависи саудӣ Раиф Бадавӣ, ки барои навиштаҳояш дар Интернет зиндонӣ шуда, мавриди зарбаҳо бо қамчин қарор гирифт, барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Сахарови порлумони Аврупо дар соли ҷорӣ шуд.

Бадавии 31 сола соли 2012 барои интиқоди сиёсати мазҳабии Арабистони Саудӣ боздошт шуда буд. Вай бо айби таҳвини ислом дар Интернет ба даҳ соли зиндон ва ҳазор зарба бо қамчин маҳкум шуд. Дар моҳи январ Бадави 50 зарбаи аввал бо қамчинро дар ҳузури мардум гирифт.

Сипас қамчинзаниҳои ошкорои вай дар ҳузури мардум даҳҳо маротиба расман бо далели вазъи саломатиаш ва дар пайи эътирозҳои байналмиллалӣ боздошта шуданд.

Ҷоизаи 50 ҳазор еврогӣ ба хотири чеҳраи намоёни шӯравии собиқ Андрей Сахаров аз соли 1988 ба нафароне дода мешавад, ки аз ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ ҳимоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG