Ссылки доступа

Мудири китобхонаи украинӣ дар Москва дар ифротгароӣ айбдор мешавад


Наталя Ширина

Наталя Ширина

Интизор меравад имрӯз додгоҳе дар Москва мавзӯъи боздошти мудири китобхонаи украинӣ Наталя Ширинаро муҳокима кунад. Имрӯз ҳамчунин барои бозпурсӣ чанд корманди Китобхонаи адабиёти украинӣ дар Москва даъват карда шудаанд.

Намояндаи Кумитаи таҳқиқотии Русия Владимир Маркин рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки ниҳоди вай аз додгоҳ ҳабси Ширина бо айби барангехтани хушунати миллӣ талаб мекунад. Ба ӯ то панҷ соли маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.

Маркази ПЕН-Центри Русия аз иқдомҳо нисбатти Китобхонаи адабиёти украинӣ дар Москва изҳори нигаронӣ карда, талаб дорад, ки таъқиби кормандони китобхона бо айбҳои бемантиқ қатъ карда шаванд, зеро ин як навъи фишорест дорои ангезаҳои сиёсӣ.

XS
SM
MD
LG