Ссылки доступа

Блогнависи бошқирд ба се соли зиндон маҳкум шуд


Блогнавис ва рӯзноманигори мухолифи бошқир Роберт Загреев ба се соли зиндон дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум шуд.

Тавре хабарнигори радиои Озодӣ дар шаҳри Уфаи Русия Артур Асафев хабар медиҳад, додгоҳи ҳарбии сайёри минтақаи Москва ӯро дар “даъвати оммавӣ ба анҷом додани фаъолияти террористӣ” гунаҳкор донистааст.

Роберт Загреев ба он айбдор шуд, ки тирамоҳи соли 2012 дар саҳифаҳои интернетии марбут мақолаи сиёсатмадори мухолиф Айрат Дилмуҳаммадов “Охири замон”нашр кардааст. Ба гуфтаи ҷониби айбдоркунанда, дар ин мақола даъват шудааст, ки “сохтори конститутсионии Русия бо истифода аз силоҳ вайрон ва давлати алоҳидаи “Бошқирдистон” таъсис шавад.

XS
SM
MD
LG