Ссылки доступа

Дар Петербург хотираи қурбониёни садамаи ҳавоиро гиромӣ доштанд


Шоми рӯзи якшанбе беш аз се ҳазор нафар ба майдони Двортсовий барои гиромӣ доштани хотираи қурбониёни садамаи ҳавоӣ ҷамъ омаданд.

Як моҳ қабл дар ҳамин рӯз ва ҳамин соат дар ин ҷо баргузории иқдоми сафари ситораҳои ҷаҳонӣ барои кӯмак ба ятимон зери унвони «Хушбахтӣ марз надорад» ба назар гирифта мешуд. Аммо вақте ташкилкунандагон дар бораи тасмими шаҳрвандон барои гирдиҳам омадан дар майдони Қаср огаҳӣ ёфтанд, ҳамаи талошҳои худро барои пуштибонии онҳо равона карданд.

Ҳазорон нафар ба шакли калимаи «мама» («модар») ҷамъ омада, нури таҷҳизоти барқии ба онҳо тақсимшуда ва нури телефонҳои мобилии худро ба сӯйи фазо равона сохтанд. Ба ин тартиб як дақиқаи лаҳзаи хомӯшӣ сипарӣ шуд ва сипас ба фазо 224 пуфаки сурх бо номи ҳар нафари фавтида дар ин садама, ки дар ҳар як пуфак бо дастони кӯдакон навишта шуда буданд, сар дода шуданд. Баъд ба фазо кабӯтарони сафед парвоз карданд. Гурӯҳи дигари сокинони Петербург дар назди арки Александр ҷамъ омада, зери онҳо гулгузорӣ карданд ва ба хотири қурбониён шамъ гиронданд.

XS
SM
MD
LG