Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ вориди Қазоқистон шуд


Госсекретарь США Джон Керри в Астане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:30 0:00

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ шоми рӯзи якшанбе вориди Қазоқистон шуд. Дар фурудгоҳи Остона ӯро вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов истиқбол кард.

Баргузории дидори Ҷон Керрӣ бо раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст, ки дар ҷараёни он миёни ҳайъатҳои баландмақом музокирот бояд сурат бигирад.

Ширкати Ҷон Керрӣ дар ҷаласаи чаҳоруми муколамаи шарикони стратегии «ИМА-Қазоқистон” ва суханронии вай дар донишгоҳи Назарбоев дар бораи нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои фаромиллӣ дар назар гирифта шудааст, хабар медиҳад “Интерфакс-Қазоқистон”

Котиби давлатии ИМА дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Остона шуд.

Метавонем барои шумо ин навори видеоии вуруди Ҷон Керрӣ ба Остонаро фиристем:

Госсекретарь США Джон Керри в Астане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:30 0:00

XS
SM
MD
LG