Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ дар Остона даъват кард, ки мухолифонро «паси панҷара» надоранд (видео)


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ зимни суханронӣ дар донишгоҳи Назарбоев дар Остона мавзӯи озодиҳои асосиро матраҳ кард.

Ҷон Керрӣ аз ҷумла гуфт, ки интихобот агар озоду мунсифона нест ва агар яке аз ҳизбҳои ширкаткунандаи он имтиёзҳои бештаре дошта бошад, ҳамчун интихобот маъниеба таври ҷудогона аз кишваре ном набурд ва намунаи муайянеро зикр накард.

Аммо бо руҷуъ ба раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ котиби давлатии ИМА гуфт, ки маҳдудсозии озодиҳо ба афзоиши нуфузи террористон сабаб мешавад.

- Мо бояд дарк кунем, ки ҳузури террористон ба мақомот ҳақ намедиҳад, бе чуну чаро аз хушунат истифода кунанд. Ва терроризм низ наметавонад далели қонунии зиндонӣ сохтани рақибони мухолиф, коҳиши ҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё беасос мутаҳҳам кардани фаъолоне бошад, ки ақидаҳои дигареро бо роҳи осоишта изҳор медоранд. Чунин таҷриба натиҷаи баръакс медиҳад ва ба фоидаи террористон меанҷомад, - изҳор дошт Ҷон Керрӣ дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи Назарбоев дар Остона.

XS
SM
MD
LG