Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон ҷиноҳи аксарият ташкил шуд


Ҷиноҳҳои порлумонии ҲСДҚ, «Ата Мекен», «Қирғизистон» ва «Онугуу-Прогресс” ҷиноҳи аксариятро зери унвони “Субот, эътимод ва имкониятҳои нав дар Жогорку Кенеш” ташкил карданд. Созишномаи таъсиси ин ҷиноҳ 2 ноябр имзо шуд.

Чинибой Турсунбеков, раҳбари ҷиноҳи сотсиал демократҳо раиси иттиҳоди нави порлумонӣ интихоб шуд. Ҷиноҳҳои “Республика-Ата-Журт” ва “Бир Бол” ба ҳайати ин иттиҳод ворид нашуданд.

Дар ҷаласаи навбатии порлумон номзадии Асилбек Жээнбеков ба вазифаи раиси Жогорку Кенеш ва номзадии Темир Сариев ба мақоми нахуствазирӣ баррасӣ мешаванд. Вакилон ҳамчунин пешниҳоди ин иттиҳод барои коҳиши теъдоди муовинони раиси порлумон аз 5 то 2 нафар ва ҳамчунин сохторҳои нави порлумон ва ҳукуматро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG