Ссылки доступа

Гуфтушуниди Ҷон Керрӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе (видео)


Дар Қасри миллати Душанбе музокироти миёни котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ ва вазъи минтақаро баррасӣ карданд.

Баъд аз анҷоми мулоқот котиби давлатии ИМА изҳор дошт, ки дар канори масоили мухталиф ҷонибҳо ҳамчунин мушкили энерҷӣ дар Тоҷикистон ва мухолифати Ӯзбекистони ҳамсоя барои иҷрои тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

"Мо роҳҳои пайдо кардани роҳҳои мухталифи нерӯи барқ дар Тоҷикистон баррасӣ кардем. Дар панҷ соли оянда мо тарҳҳоеро иҷро мекунем, ки имкон медиҳанд дар баробари таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ, ҳамчунин Афғонистон бо барқ таъмин шавад", - гуфт Керрӣ.

Дар ҳамин ҳол Ҷон Керрӣ изҳор дошт, ки ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа - "дар байни кишварҳое, ки об доранду он кишварҳое, ки об надоранд ва барои ниёзҳои кишоварзӣ аз об танқисӣ мекашанд, хеле муҳим аст". Вай ҳамчунин зикр кард, ки ҷонибҳо дар бораи муқобалаи судманд ба терроризм ва нигаҳ доштани тавозун миёни ин муқобала ва озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ сӯҳбат кардаанд.

Прибытие Джона Керри в Таджикистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:50 0:00

XS
SM
MD
LG