Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ислоҳоти ҳукумат тарҳрезӣ шудааст


Дар Қирғизистон мехоҳанд ҳамаи ширкатҳои энержиро ба як ширкати бузург табдил диҳанд.

Дар ин бора ба "Азаттик" раҳбари эътилофи аксарияти порлумонӣ Чинибай Турсунбеков хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ин иқдом дар чаҳорчӯби содда кардани сохтори ҳукумат рӯйи даст гирифта мешавад. Миқдори вазоратхонаҳо аз 14 то ба 12 адад коҳиш дода мешавад. Ду кумитаи давлатӣ ва ду холдинг таъсис дода мешаванд.

"Интизор меравад Вазорати энержӣ барҳам дода мешавад. Ба ҷойи он як ширкати холдингӣ таъсис дода мешавад, ки ҳама ширкатҳои энержии кишварро дар бар мегирад", - гуфт Турсунбеков.

"Мо ҳамчунин мехоҳем Сандуки амволи давлатиро барҳам дода, бар ҷойи он боз як холдинг таъсис диҳем. Миқдори агентиҳои давлатӣ низ аз 28 то 24 адад коҳиш дода мешавад", - гуфт раҳбари эътилофи аксарият.

Вай афзуд, ки ҳайат ва сохтори ҳукуматро дар ҷаласаи Жогорку Кенеш нахуствазир таҳия ва муаррифӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG