Ссылки доступа

Муҳоҷири ӯзбекро дар "Домодедово" ҳангоми талоши парвоз ба Туркия боздошт карданд


Субҳи 2 ноябр дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Москва зимни парвоз ба Туркия шаҳрванди 24 солаи Ӯзбекистон Раҳматулло Абдусатторов боздошт шуд.

Додситонии нақлиётӣ хабар медиҳад, ки коргари сохтмонии метрои Москва Абдусатторовро бо дархости ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон, ки ӯро мавриди пайгарди байналмилалии ҷиноӣ қарор додаанд, аз сӯйи хадамоти марзбонии Русия боздошт шудааст.

Худи муҳоҷири ӯзбек ҳамаи иттиҳомоти нисбати худро рад карда, изҳор дорад, ки бӯҳрони иқтисодӣ ӯро водор кардааст барои худ дар хориҷ аз ин кишвар ҷойи кор биҷӯяд.

Вай гумон мекунад, ки Ӯзбекистон ӯро мавриди ҷустуҷӯй ба далели он қарор додааст, ки падараш шахси мазҳабӣ буда, мавриди таваҷҷӯҳи ниҳодҳои интизомии маҳаллӣ қарор дорад.

Феълан Раҳаматулло Абдусатторов дар яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Москва қарор дорад. Интизор меравад, ки 3 ноябр додгоҳи шаҳри Москва ҳукми тамдиди мӯҳлати боздошти вай то ҳалли масъалаи истирдодашро содир кунад.

XS
SM
MD
LG