Ссылки доступа

Дар Чеченистон аз сӯйиқасд ба ҷони Рамзан Қодиров пешгирӣ карда шуд


Ниҳодҳои интизомии Чеченистон тавонистанд аз сӯйиқасд ба ҷони Рамзан Қодиров пешгирӣ кунанд, хабар медиҳад Интерфакс бо истинод ба шабакаи телевизионии "Грозний".

Зикр мешавад, ки раҳбари минтақа ҷавонони боздоштшуда аз Аргунро, ки ахиран ниҳодҳои интизомӣ онҳоро боздошт карда буданд, афв кардааст.

"Боздоштшудагон бар зидди Қодиров амали террористӣ таҳия мекарданд. Аммо новобаста аз ин раҳбари минтақа онҳоро афв кард ва имкон дод, ки онҳо ислоҳ шаванд", - омадааст дар хабари шабакаи телевизионӣ.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Қодиров дар ҷараёни мулоқот бо чеченҳои ҷавоне, ки гирифтори ақидаҳои ваҳҳобӣ шудаанд, тавонист онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад.

"Тақрибан ҳамарӯза бо ҷавонон дар шароити озод мулоқот мекунам. Рӯзи якшанбе беш аз панҷ соат бо гурӯҳи бузурги сокинони Аргун сӯҳбат доштам ва ошкор шуд, ки қариб 20 нафари онҳо ба ақидаҳои ваҳҳобӣ содиқанд", - навиштааст Қодиров дар сафҳаи худ дар Instagram.

Ба гуфтаи раҳбари Чеченистон "имоми бесавод" ба ҷавонон "нафрат нисбати раҳбари Чеченистон ба унвони душмани асосии ваҳҳобиҳоро талқин кардааст".

XS
SM
MD
LG