Ссылки доступа

Дар Алмаато духтури коршинос маҳкум ба зиндон шуд


.

.

Додгоҳи Алмаато духтури коршинос Марат Абуовро барои се сол маҳкум ба зиндон кард, хабар медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.

Ӯро, ки дар як қазияи додгоҳии қурбонии садамаи нақлиётӣ дар Алмаато ба «тақаллубкорӣ» муттаҳам шуда буд, дар хулосабардории бардурӯғи обистан ё ҳомила будани сокини Алмаато Анастасия Громтсева айбдор карданд

Анастасия Громтсева иддао дошт, ки дар пайи садамаи нақлиётӣ кӯдаки таваллуднашудаашро афтондааст. Худи ӯ баъд аз ду сол аз осебдида ба айбдоршаванда табдил ёфт ва соли 2014 додситонӣ бар зидди вай ба иттиҳоми сохтакории асноди фигона ё сиқти ҷанин парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG