Ссылки доступа

Flightradar24: парвози ҳавопаймои А321-ро рӯйдоди муҳиме қатъ кардааст


Рӯйдоди муҳиме сабаби қатъи парвози ҳавопаймои А321-и ширкати ҳавоии русии "Когалимавиа" бар фарози Миср шудааст.

Ин нукта дар гузориши Flightradar24, ки парвози ҳамаи ҳавопаймоҳоро дар фазои ҷаҳонӣ ба таври мустақим назорат мекунад, зикр шудааст. Ин гузориш бо дархости коршиносони фаронсавӣ ва мисрӣ таҳия гаштааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, бино бар нишондодҳои таҷҳизоти назоратӣ, суръати ҳавопаймо якбора, дар зарфи як сония, ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфта, сипас ҳавопаймо бо суръати баланд ба самти замин пойин рафтааст.

Дар баландии қариб то 10 километр ҳавопаймо бо суръати тақрибан 175 метр дар як дақиқа баланд мешуд, аммо ногаҳон вай сарозер шуд ва дар ҳар як дақиқа 100 метр поинтар рафт. Баъд як сония суръати пастшавӣ то як километр дар як дақиқа ва сипас то дувуним километр дар як дақиқа афзоиш ёфт.

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, ҳавопаймо дар фазо ба пораҳо тақсим шудааст ва далели чунин иддао масоҳати бузурги пош хӯрдани ҷузъҳои он мебошад. Далели ин ҳодиса ҳанӯз мушаххас нашудааст. Коршиносон ба таҳқиқи ҷузъдонҳои сабткунандаи ҳавопаймо оғоз кардаанд. Сабаби афтодани ҳавопаймо то ҳол расман эълом нашудааст.

Ҳавопаймои "Когалимавиа" субҳи 31 октябр дар Миср сарнагун шуд. 224 сарнишини он ҷони худро аз даст доданд. Суқути ин ҳавопаймо бузургтарин фоҷиа аз лиҳози теъдоди қурбониён дар таърихи ҳавонавардии русӣ ва шӯравӣ шуд.

XS
SM
MD
LG