Ссылки доступа

Дар нӯҳ моҳи соли 2015 муҳоҷирон ба Қирғизистон 28% камтар пул фиристодаанд


Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2015 муҳоҷирон аз Русия ба Қазоқистон ва Қирғизистон 1,4 миллиард доллар мунтақил додаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28% камтар аст.

Дар ин бора дар нишасти матбуотии муовини вазири иқтисоди Қирғизистон Данияр Иманалиев хабар дода шуд.

Ба гуфтаи вай, баъд аз пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Қирғизистон таъсири бӯҳрони иқтисодиро чандон эҳсос накардааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2015 ҳаҷми пули фристодаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Қазоқистон ва Қирғизистон 33% коҳиш ёфтааст.

Коршиносон коҳиши ин нишондодро ба мушкилоти иқтисодӣ дар Русия ва пойин рафтани қурби рубл бастагӣ медиҳанд.

Бозори кори Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Қирғизистон муҳим аст. Шумори зиёди муҳоҷирони корӣ ва интиқоли пули онҳо иқтисоди ин кишварро ҳимоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG