Ссылки доступа

Овозхони собиқи гурӯҳи "Ленинград" BMW-ро оташ зад


Дар Санкт-Петербург 3 ноябр овозхони собиқи гурӯҳи "Ленингард" Стас Баретский мошини хусусии тамғаи BMV-ро сӯзонид.

Ба навиштаи расонаи "Фонтанка.ру", аз ин роҳ овозхон аз тавлидоти мошинҳои ватанӣ ҳимоят кард. "Моро бо таҳримҳо наметавонид тарсонид, мо худ ҳама корро карда метавонем", - изҳор дошт ҳунарманд.

Баретский ҳанӯз дар моҳи август ваъда дода буд, ки мошини худро месӯзонад. Он замон вай дар яке аз мағозаҳои Петербург намоишкорона телефони iPhone-и ширкати амрикоии Apple ва планшети ширкати Samsung-ро шикаста буд. Зимни шарҳи ин рафтори худ, овозхон изҳор дошт, ки "бояд колои худиро тавлид кард".

Ба гуфтаи Баретский соли тавлиди мошинаш 1998 буда ва то сӯзониданаш 350 ҳазор рубл арзиш дошт.

XS
SM
MD
LG