Ссылки доступа

Дар Остона таъсиси нерӯҳои посдори сулҳи Осиёи Марказиро пешниҳод карданд


Пешниҳодкунандагон бар ин назаранд, ки ин нерӯҳо бояд зери парчами СММ ва бо маҳалли мустақараш дар Қазоқистон таъсис дода шаванд.

Ба далели «ташаннуҷи вазъи сиёсиву низомӣ дар Афғонистон» бояд дар Осиёи Марказӣ нерӯи посдори сулҳи зери парчами СММ бо маҳалли мустақараш дар Қазоқистон таъсис дода шавад. Ин пешниҳодро раиси «Иттиҳоди собиқадорони амалиёти низомӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон» Мурат Муҳаммадҷонов матраҳ кардааст.

Дар ҳамоиши ватандӯстони зери шиори «Нахустин сарбозони президент Назарбоев» Муҳаммадҷонов 4 ноябр изҳор дошт, ки ба ин нерӯҳои обрӯманд бояд ҷузъҳои сулҳхоҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд.

Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки як воҳиди махсуси низомӣ таъсис дода шавад, ки танҳо ба президент Назарбоев итоат кунаду барои иҷрои амалиёти вижа истифода шавад. Гуфта шуд, ки ин ниҳод ба сарфармендеҳ Назарбоев барои вокуниш «ба хатароти эҳтимолӣ» зарур аст.

XS
SM
MD
LG