Ссылки доступа

Иктишофоти ИМА: ҳавопаймои А-321-и Русияро исломгароён тарконданд


Расонаҳои ИМА бо истинод ба манобеи иктишофӣ хабар доданд, ки дар ҳавопаймои суқуткардаи русии А-321 ифротгароёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” маводи тарканда гузоштаанд.

Пештар як манбаи мисрии наздик ба равандаи таҳқиқоти ин садама ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки дар дохили ҳавопаймои русӣ эҳтимолан инфиҷор рух додааст, аммо далели он то ҳол рӯшан нест. Ба гуфтаи вай, эҳтимол дорад ин бомба бошад ва ё маводи сӯхт.

Рӯзи чаҳоршанбе Бритониё низ эълом кард, ки аз эҳтимолан дар дохили ҳавопаймоии русии А321 маводи тарканда гузошта шуда бошад. Ба ин гумон Лондон парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри тафреҳии Шарм-ал-Шайхи Мисрро ба таъвиқ даровард. Зеро маҳз дар ин масир 31 октябр дар болои нимҷазираи Синай ҳавопаймои русӣ суқут кард.

4 ноябр бахши мисрии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дубора изҳор дошт, ки маҳз бо талоши нерӯҳои ин созмон суқути ҳавопаймои русии Airbus А321 ташкил шудааст, ки дар он 224 нафар кушта шуданд.

Коршиносони рус ва мисрӣ чунин даъвоҳоро рад мекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо ҷангиёне, ки дар нимҷазираи Синай фаъоланд, аслиҳае дар ихтиёр надоранд, ки ҳавопаймоҳо дар баландии 9 ҳазор метрро ҳадаф қарор бидиҳад.

XS
SM
MD
LG